“Бавария” соли навро бо пирӯзӣ оғоз кард

“Бавария” соли навро бо пирӯзӣ оғоз кард

Рақобат байни бошгоҳҳои “Байер” ва “Бавария” ба бозиҳои даври 18-уми Бундеслигаи Олмон оғоз бахшиданд. Вохӯрӣ байни дастаҳо дар варзишгоҳи «Бай-Арена»-и шаҳри Леверкузен сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба суди меҳмонон хатм шуд. Хотиррасон мекунем, ки ин аввалин бозӣ ва аввалин пирӯзии бошгоҳи “Бавария” дар соли 2018 ба ҳисоб меравад. Баъди ин ғалаба дастаи “Бавария” бо касби 44 хол дар зинаи аввали ҷадвали Бундеслига ҷой дорад. Тими “Байер” бошад, бо доштани 28 имтиёз мақоми 4-умро азони худ намудааст.

Чемпионати Олмон. Бундеслига. Даври 18-ум

«Байер» (Леверкузен) – «Бавария» (Мюнхен) – 1:3 (0:1)

Голҳо: Фолланд, 70 – Мартинес, 32 Рибери, 59. Родригес, 90.