"Боруссия" бори аввал дар 11 соли охир дар даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад

"Боруссия" бори аввал дар 11 соли охир дар даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад

Бозии ҷавобии марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои «Боруссия»-и Дортмунд ва «Атлетико Мадрид» ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи “Сигнал Идуна Парк”-и шаҳри Дортмунд баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Дар маҷмӯъ ҳисоби бозӣ дар бозии рафту баргашт 5:4 ба фоидаи тими шаҳри Дортмунд анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, «Боруссия »-и Дортмунд бори аввал дар 11 соли охир дар даври 1/2 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад.

Бори охир тими Олмон дар мавсими 2012/2013 дар даври ниманиҳоии ин мусобиқот бозӣ карда буд. Дар он мусобиқа «Боруссия»-ро Юрген Клопп сарварӣ мекард. Рақиб «Реал Мадрид» буд, ки «Боруссия» дар бозии аввал бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, дар бозии ҷавобӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда, лек аз ҳисоби бозии рафту баргашт ба финал баромад. Дар финал шогирдони Клопп аз «Бавария» бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.

Дар даври 1/2 финали Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2023/2024 “Боруссия” бо “ПСЖ” бозӣ мекунад. Бозии аввал 30-юми апрел барпо мегардад.