“Боруссия Дортмунд” ба “Реал” нархи Обамеянгро хабар дод

“Боруссия Дортмунд” ба “Реал” нархи Обамеянгро хабар дод

Роҳбарияти бошгоҳи “Боруссия” – и Дортмунд ба бошгоҳи “Реал” – и Мадрид нархи ҳамлагари 27–солаи габонитабор Пер-Эмерик Обамеянгро хабар дод.
Дар аввали моҳи октябри соли ҷорӣ маълум гашт, ки роҳбарияти “Боруссия” – и Дортмунд ба Обамеянг розигӣ дод, то бозингар сафи дастаро тобистони соли оянда тарк кунад.
Худи Обамеянг хоҳиши дар Реал бозӣ карданашро аз касе пинҳон намедошт ва инчунин бошгоҳи “Реал” – и Мадрид ҳам мехоҳад ин бозингарро харидорӣ намояд.
Рӯзҳои наздик “Боруссия” – и Дортмунд хабар дод, ки агар Реал ҳақиқатан Пер-Эмерикро харидан хоҳад, ӯ бояд аз 78 то 80 миллион евро харҷ кунад.
Хотиррасон мешавем, ки барои харидории Обамеянг аз ҷониби Реал метавонад ФИФА монеъа эҷод кунад, зеро ин дастаро аз харидории бозингарон дар ду мавсими гузариши футболбозон маҳрум кардааст.