“Боруссия”-и Дортмунд дар бозии аввали даври нимниҳоии ЛЧ бар “ПСЖ” ғалаба кард

“Боруссия”-и  Дортмунд  дар бозии аввали даври нимниҳоии  ЛЧ бар “ПСЖ”  ғалаба кард

Бозии аввали даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Боруссия”-и Дортмунд ва “ПСЖ” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Сигнал Идуна Парк”-и шаҳри Дортмунд баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Дар дақиқаи 36-уми бозӣ ҳамлагари дастаи шаҳри дортмунд Никлас Фюллкруг ягона голи вохӯриро ба самар расонид.

Бозии ҷавобии байни дастаҳо рӯзи 7 –уми май ва дар варзишгоҳи «Парк- де - Пренс»-и шаҳри Париж баргузор мешавад.

«Боруссия» дар марҳилаи ¼- ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бар «Атлетико» (дар меҳмонӣ – 2:1, дар майдони худ – 4:2) пирӯз шуд. Дар навбати худ, дар ҳамин марҳилаи Лигаи Чемпионҳо дастаи шаҳри Париж аз «Барселона» пурқувваттар баромад (дар майдони худ – 2:3, дар меҳмонӣ – 1:4).

Илова бар ин, дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои «Боруссия»-и Дортмунд ва «ПСЖ» дар марҳилаи гурӯҳӣ бо ҳам бозӣ карда буданд. Дар сафар «Боруссия» аз «ПСЖ» бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуда, дар майдони худ мусовӣ 1:1 бозӣ кард.