Ду голи беҷавоби ССКА Помир ба дарвозаи Барқчӣ

Ду голи беҷавоби ССКА Помир ба дарвозаи Барқчӣ

Имрӯз вохурии мавқуфмондаи даври чаҳордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни тимҳои “ССКА Помир” ва “Барқчӣ” баргузор шуд. Бозӣ аз оғоз ҷолибу ҷозиб сурат гирифта, соҳибони майдон аз нафасҳои нахустин ташаббусро ба даст гирифтанд.

Дар дақиқаи 33-юми дидор бозингари моҳиру мумтози дастаи “ССКА Помир” Парвиз Қашқаров як зарбаи дақиқу нишонрасро ҷониби дарвозаи тими “Барқҷӣ” равона сохт. Бо ҳамин як голи задаи Парвиз қисми аввали дидор ба анҷом расид.

Дар қисми дуюми вохӯрӣ ҳарду даста имконияти зиёди голзанӣ доштанд, аммо то дақиқаҳои охир ҳисоб бетағйир боқӣ монд. Дар дақиқаҳои иловагӣ бошад бозингари “ССКА Помир” Шодибек Ғаффоров як имконияти хуби голзаниро истифода намуду ҳисоби голҳои дастаашро боло бурд.

Ҳамин тариқ ин вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 бар нафъи соҳибони майдон ба охир расид.