Федерер таъқиби Надалро идома медиҳад

Федерер таъқиби Надалро идома медиҳад

Теннисбози номовари фароҷаҳонӣ,   варзишгари дастон Роҷер Федерер дар даври 3-юми мусобиқаи “Мастерс-1000” Шанхай намояндаи Украина Александр Долгополовро шикаст дода, сатҳи баланди касбияти худро дар ин ришта бори дигар собит сохт.  Дидори варзишгарон дар корт фурсату фосилаи 1 соатро фаро гирифта, дар ду пайт бо ҳисоби 6:4 ва 6:2 ба суди ракеткаи 2-юми ҷаҳон ба поён расид. Баъди ин дидор ҳисоби инфиродиро Федерер бо ин рақиби худ то 5:0 боло бурд. Ҳамакнун дар даври ¼ ниҳоӣ теннисбози швейтсарӣ бо ғолиби ҷуфти варзишгарони фаронсавӣ Жил Симон ё Ришар Гаске андари майдони рақобат мешавад.  

Мусобиқаи ATP Shanghai Rolex Masters. Шанхай (Чин). Мардҳо. Даври сеюм

Федерер (Швейтсария, 2) - Долгополов (Украина, Q) - 6:4, 6:2

Гаске (Фаронса) - Симон (Фаронса) - 7:5, 6:7(5:7), 6:3

Троитски (Сербия) - Изнер ИМА, 12) - 6:4, 7:6(7:4)