Гарри Кейн шартномаашро бо дастаи “Тоттенхэм” то соли 2022 тамдид кард

Гарри Кейн шартномаашро бо дастаи “Тоттенхэм” то соли 2022 тамдид кард

Сомонаи расмии дастаи “Тоттенхэм” хабар дод, ки ҳамлагари тими мунтахаби Англия муҳлати қарордодашро бо дастаи “Тоттенхэм” то соли 2022 дароз намуд.

“Ман хеле шодам, ки дар дастаи “Тоттенхэм” мондам. Дар ин мавсим то кунун хуб ҳунарнамоӣ дорем ва умед мекунам, ки ин танҳо оғози кор аст. Ҳамагон садоқати маро ба дастаам “Тоттенхэм” хуб медонанд.

“Дар инҷо худро хеле хуштолеъ ва хушбахт эҳсос мекунам. Мехоҳам, ки сол ба сол маҳоратамро такмил диҳам ва барои дастаам “Тоттенхэм” ҳар кори аз дастам меомадаро дареғ надорам”- мегуяд Гарри Кейн.

Кейн дастпарвар ё тарбиятгирифтаи академияи футболи “Тоттенхэм” мебошад ва ӯ аввалин бозяшро дар дастаи “Тоттенхэм” соли 2011 гузаронида буд.