«Реал Мадрид» дар дақиқаҳои охир аз мағлубият наҷот ёфт

«Реал Мадрид» дар дақиқаҳои охир аз мағлубият наҷот ёфт

Бошгоҳи «Барселона» дар даври 14-уми Чемпионати Испания дастаи «Реал Мадрид» -ро дар варзишгоҳи «Камп Ноу» қабул кард. Ин бозӣ бо хисоби 1:1 хотима ёфт.

Дар дақиқаи 53-юми дидор футболбози бразилии «Барселона» Неймар аз зарбаи ҷаримавӣ тӯбро ба маркази ҷаримагоҳ партофт кард ва онро ҳамлагари даста Луис Суарес бо зарбаи сар вориди дарвозаи меҳмонон намуд.

Дар дақиқаҳои охири бозӣ бошад, партофти Лука Модричро капитани дастаи шоҳонаи «Реал Мадрид» Серхио Рамос вориди дарвозаи тер Штеген намуда дастаашро аз мағлубият наҷот дод.

Пас аз ин бозӣ дастаҳо мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқот нигоҳ доштанд. «Реал» бо 34 имтиёз садрнишини ҷадвал, «Барселона» бошад, бо 28 хол дар ҷои дуюм қарор дорад. 

Испания - Примера. Даври 14

"Барселона" (Барселона) – "Реал Мадрид" (Мадрид) – 1:1

Голҳо: Суарес, 53 (1:0); Рамос, 90 (1:1).

"Барселона": тер Штеген, Роберто, Пике, Маскерано, Алба, Ракитич (Инеста, 60), Бускетс, Гомеш (Туран, 78)  Месси, Суарес, Неймар (Д.Суарес, 88)

"Реал Мадрид": Навас, Карвахал, Варан, Рамос, Марсело, Модрич, Ковачич (Диас, 86) Васкес, Иско (Каземиро, 66), Роналду, Бензема (Асенсио, 77)

Огоҳӣ: Неймар, 28; Суарес, 75; Бускетс, 83; Маскерано, 89, Иско, 13; Карвахал , 80.