Ибрагимович ҷомро ба “Манчестер Юнайтед” овард

Ибрагимович ҷомро ба “Манчестер Юнайтед” овард

Дидори дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Саутгемптон» дар бозии даври ниҳоии Ҷоми Лигаи Англия бо ҳисоби 3:2 ба суди дастпарварони Жозе Моуринйо ба поён расид. Дар ҷараёни дидор футболбозони тими «Манчестер Юнайтед» ду маротиба паи ҳам дарвозаи ҳарифонро рахна сохта, пешсафиро ба даст гирифтанд. Ин голҳоро Златан Ибрагимович ва Ҷесси Линград дар дақиқаҳои 19-ум ва 38-уми бозӣ ба самар расониданд. Аммо бозингарони дастаи «Саутгемптон» баъди ду мансубаи зебо натиҷаро баробар карданд. Ҳарду ин гол ба номи футболбози итолиёвитабори даста Маноло Габбядини муҳр зада шуд. Голи ҳалкунандаро дар ин рақобат ҳуҷумкунада ва пешсафи дастаи «Манчестер Юнайтед» Златан Ибрагимович дар дақиқаҳои охири бозӣ ба ҳадаф расонида, ба номаш дубл сабт кард. Инчунин пирӯзии «Манчестер Юнайтед»-ро дар мусобиқаи Ҷоми Лигаи Англия таъмин намуд. Барои сармураббии дастаи «МЮ» Жозе Моуринйо ин дуюмин ҷоиза дар бошгоҳи мазкур ба ҳисоб меравад. Моҳи август манчестериҳо дар вохӯрӣ барои ба даст овардани Суперҷоми Англия тими «Лестер Сити»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буданд.

Ҷоми Лигаи Англия. Даври ниҳоӣ

"Манчестер Юнайтед" – "Саутгемптон" – 3:2 (2:1)

Голҳо: Ибрагимович, 19 (1:0). Лингард, 38 (2:0). Габбядини, 45+1 (2:1). Габбядини, 48 (2:2). Ибрагимович, 87 (3:2).

"Манчестер Юнайтед": де Хеа, Валенсия, Байи, Смоллинг, Рохо, Лингард (Рэшфорд, 77), Эррера, Погба, Мата (Кэррик, 46), Марсьяль (Феллаини, 90), Ибрагимович.

"Саутгемптон": Форстер, Седрик Суариш, Йосида, Стивенс, Бертранд, Тадич (Буфал, 77), Ромеу, Уорд-Проуз, Дэйвис (Родригес, 90), Редмонд, Габбядини (Лонг, 88).