Имрӯз мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад

Имрӯз мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад

Имрӯз, 16 апрел дар Варзишгоҳи байналмилалии Халифаи шаҳри Давҳа бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 байни бозигарони то 23-сола дар гурӯҳи «С» баргузор мешаванд.

Дастаи Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии худ бо тими олимпии Арабистони Саудӣ вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Пахши мустақими рақобатро шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ба роҳ мемонад.

Ёдовар мешавем, ки охирон маротиба мунтахабҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар Ҷоми Осиёи соли 2022 дар Ӯзбекистон бо ҳам бозӣ карда буданд, ки онҷо боҳӣ бо ҳисоби 5 бар 0 ба фоидаи арабҳо анҷом ёфта буд.