“Истиқлол” билохира дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро шикаст дод

“Истиқлол” билохира дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро шикаст дод

Бошгоҳи футболи “Истиқлол”- шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои даври 16-уми чемпионати мамлакат бо тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат намуд. Дидори дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар доираи бозиҳои даври 16-уми мусобиқоти Лигаи олиии мамлакат дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба суди шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев ба поён расид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 82-юм Дилшод Восиев кушод. Баъд аз 3 дақиқа ҳуҷумкунандаи беҳтарини мавсим Манучеҳр Ҷалилов як маротибаи дигар дарвозаи ҳарифонро рахна сохта, ҳисобро 2:0 кард.  Бо ин пирӯзӣ дастаи “Истиқлол” дар ҷадвали умумии мусобиқот мавқеи худро боз ҳам устувор намуд.   Барои дарёфти 6-ум унвони қаҳрамонии Тоҷикистон, бошгоҳи футболи “Истиқлол”-ро лозим меояд танҳо 4 имтиёзи дигар аз 6 бозии интизор ба даст биорад. Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ғалабаи “Истиқлол” бар “Регар ТадАЗ” дар соли равон ба ҳисоб меравад. 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 2:0

Голҳо: Дилшод Восиев, 82 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 85 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Артем Барановский, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Александр Стетсенко, Дэвид Мавутор, Амирбек Ҷурабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Муҳаммаҷони Ҳасан, 75), Ромиш Ҷалилов (Ҷахонгир Алиев, 46), Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 64), Манучеҳр Ҷалилов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде): Мирали Муродов, Содиқ Мусо, Соҳиб Саванқулов, Бахтиёр Каландаров, Саидхони Амрохон, Хуршед Маҳмудов (Фаррух Чориев, 88), Бахтиёр Чориев, Акуффо Гершон (Фарҳод Холбеков, 90), Фирӯз Қараев, Агблей Ҷонс (Шодибек Ғаффоров, 46), Комрон Турсунов.