Кӯҳҳои ларзони шаҳри Неапол “Наполи”-ро кӯмак накарданд

Кӯҳҳои ларзони шаҳри Неапол “Наполи”-ро кӯмак накарданд

Зери осмони софу беғубори шаҳри Неаполи Италия, дар наздикии минтақаи зилзилахатарноки кӯҳи оташфишони Везувий ҷуфти ҷолибтарини марҳилаи ¼ ниҳоии Лигаи Аврупо «Наполи» ва «Арсенал» дар бозии ҷавобӣ ба ҳам омаданд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи «Сан-Паоло» баргузор гардида, бо ҳисоби 0:1 ба нафъи «Арсенал» хатм шуд. Ягона голи ин рақобатро дар дақиқаи 36-ум Александр Ляказетт аз зарбаи ҷаримавӣ ба ҳадаф расонид. Ҳамин тариқ, ҳисоби умумии рақобати ин ҷуфт 3:0 гардид ва «Арсенал» дар дуюмин мавсим пайиҳам тавонист, ки ба марҳилаи ниманиҳоии мусобиқаи дуюмдараҷаи бошгоҳии Аврупо роҳ ёбад.

Лигаи Аврупо. Даври ¼ ниҳоӣ. Бозии ҷавобӣ

"Наполи" (Италия) - "Арсенал" (Англия) - 0:1 (0:1)

Гол: Ляказетт, 36.

"Наполи": Мерет, Максимович (Мертенс, 46), Кирикеш, Кулибали, Гулям (Мариу Руй, 71), Аллан, Руис, Зелински, Калехон, Милик, Инсинье (Юнес, 60).

"Арсенал": Чех, Папастатопулос, Коселни, Монреал, Мэйтланд-Найлс, Торрейра, Ҷака (Эл-Нени, 61), Рэмси (Мхитарян, 34), Колашинатс, Обамеянг, Ляказетт (Ивоби, 68).