Хави довари бозии дастаҳои “Барселона” ва “ПСЖ”-ро танқид кард

Хави довари бозии дастаҳои “Барселона” ва “ПСЖ”-ро танқид кард

Сармураббии дастаи “Барселона” Хави пас аз бозии ҷавобии даври ¼-ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо “ПСЖ” (1:4) аз довар Иштван Ковач интиқод кард. Дар дақиқаи 29-ум довари руминӣ бозигари “Барселона” - Роналд Араухоро аз майдон хориҷ кард ва дар дақиқаи 56-ум ба Хави корти сурх нишон дод.

«Афсус, ки Лигаи Чемпионҳои мо бо хатогии довар хотима ёфт. Ман танҳо ба довар гуфтам, ки ӯ як фалокат аст. Ин воқеият аст.

Муҳокимаи бозӣ бефоида аст. Ман дар бораи доварҳо сӯҳбат карданро дӯст намедорам, аммо мо бояд инро бигӯем. Мо хомӯш истода наметавонем. Қарори ӯ ба бозӣ таъсир расонд. Ин як фалокат аст. Ман мехостам, ки мо 11 vs 11 одилона бозӣ кунем.

Соли оянда «Барселона» боз кӯшиш мекунад, ки ба финал барояд. Барои ман фарқ надорад, онҳо дубора кӯшиш мекунанд ”гуфт Хави дар Barça TV+.

Ёдовар мешавем, ки Хави қаблан эълон карда буд, ки пас аз анҷоми мавсим “Барселона”- ро тарк мекунад.