Килиан Мбаппе оиди ояндаи хеш дар “ПСЖ” қарори ниҳоӣ баровард

Килиан Мбаппе оиди ояндаи хеш дар “ПСЖ” қарори ниҳоӣ баровард

Ҳамлавари «Пари Сен-Жермен» Килиан Мбаппе дар равзанаи тобистонаи трансферӣ тими парижиро тарк мекунад.

Чӣ тавре журналист Фабрисио Романо дар подкасти хеш хабар медиҳад, футболбози мунтахаби Фаронса ба таври ниҳоӣ дар мавриди ояндаи хеш ба хулосаи ниҳоӣ баромадааст ва бо эҳтимолияти садфоиза дар «Реал»-и Мадрид идомаи маснади варзишӣ мекунад.

Қайд карда мешавад, ки пештар оиди имзокунии пешакии шартнома аз ҷониби Килиан бо «Реал», ки то соли 2029 мӯҳлат дорад, аллакай хабар дода шуда буд. Иттилоъ дода мешуд ҳамлавар ба ҳамдастагони хеш ва ситоди мураббиёни «ПСЖ» гуфта буд, ки бо анҷоми мавсим бошгоҳро тарк мекунад. Дар навбати хеш президенти «бланкос» Флорентино Перес ба ситоди Карло Анчелотти хабар дода буд, ки Мбаппе бозигари нави «Реал» хоҳад буд.

Мавсими ҷорӣ Мбаппе 42 бозӣ дар сафи парижиҳо гузаронида, 41 голу нӯҳ партофти голӣ ба омор гирифтааст. Арзиши тахминии футболбоз бино ба фарзияи сомонаи Transfermarkt 180 млн евро мебошад.