Лигаи Аврупо: Ҳарифон дар нимниҳоӣ маълум шуданд

Лигаи Аврупо: Ҳарифон дар нимниҳоӣ маълум шуданд

Дар шаҳри Нийон қуръакашии даври нимниҳоии Лигаи Аврупо баргузор шуд. Дастаи “Лион”-и Фаронса бо тими “Аякс”-и Ҳолланд ва дастаи “Селта”-и Испания бо бошгоҳи “Манчестер Юнайтед”-и Англия андари майдони рақобат мешаванд.

Бозиҳои аввал байни дастаҳо 4-уми май ва бозиҳои ҷавобӣ бошад, 11-уми май баргузор мешаванд. Ёдовар мешавем, ки финали Лигаи Аврупо 24-уми май дар шаҳри Стокголми Шветсия дар назар аст.

Натиҷаҳои қуръакашӣ

«Аякс» — «Лион»

«Селта» — «Манчестер Юнайтед»