«Манчестер Сити» шикастнопазир аст

«Манчестер Сити» шикастнопазир аст

Дар доираи даври сеюми рақобатҳои гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо дастаи «Манчестер Сити» бар “Наполи” пирӯз омад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Этихад – Сити оф Манчестер” баргузор гардида, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи дастаи “шаҳриҳо” хотима ёфт. Аллакай дар дақиқаи нуҳуми дидор Рахим Стерлинг гол зада дастаашро ба пеш баровард. Танҳо баъди сипарӣ гаштани чаҳор дақиқа Габриэл Жезус афзалияти голҳоро бештар намуд. Дар дақиқаи 38-уми рақобат Дрис Мертенс имкони кам намудани фарқияти голҳоро дошт, вале натавонист пеналтиро ба ҳадаф расонад. Дар дақиқаи 73- юми дидор ба нафъи неополитаниҳо боз як пеналтии дигар гузошта шуд. Ин навбат Амаду Диавара тавонист зарбаи ҷаримавии 11 метраро ба гол мубаддал гардонад. Дар бозии дигари гурӯҳи  “Ғ” бошад, дастаи “Шахтёр” бо шарофати дубли бозигари бразилитабори хеш Бернард бар тими “Фейеноорд” пирӯз омад. Пас аз ин давр дастаҳо дар гурӯҳи “Ғ” ба таври зайл мавқеъ гирифтаанд:

1.«Манчестер Сити» — 9 хол

2. «Шахтёр» — 6 хол

3. «Наполи» — 3 хол

4. «Фейеноорд» — 0 хол