Месси наҷотдиҳандаи “Барселона”

Месси наҷотдиҳандаи “Барселона”

Бошгоҳи овозадори “Барселона” дар даври 30-юми Ла Лигаи Испания рақобати хешро бо дастаи “Севиля” мусовӣ ба анҷом расонид. Бозӣ байни тимҳо дар варзишгоҳи “Рамон Санчес Писхуан”-и шаҳри Севиля пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 36-уми нерусанҷӣ Франко Васкес мизбононро ба пеш баровард. Дар оғози қисми дуюми дидор бошад, Луис Мурел имконияти дастаашро дучанд намуд. “Нилунориҳо” аз ин ҳисоб дилшикаста нашуда, то охирин лаҳза муборизаи шадид бурданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 88-уми бозӣ Луис Суарес ба дарвозаи мизбонон як голи ҷавобӣ гардонд. Қариб буд, ки “Барселона” ба 37 дидори бебохти худ нуқта гузорад, аммо Месси ба ин нагузошт ва ӯ қаҳрамонона дар охирин лаҳзаҳо “Севиля”-ро аз пирӯзӣ маҳрум намуд. Ҳамин тавр “Барселона” дар мавсими имсола дар топ-5 лига ягона дастае боқӣ мондааст, ки дар чемпионаташ бохтро ёд надорад. Дар ҳоли ҳозир “Барселона” бо касби 76 имтиёз пешсафи ягонаи ҷадвали Ла Лига ба шумор меравад.

Чемпионати Испания. Даври 30-юм

«Севиля» (Севиля) – «Барселона» (Барселона) – 2:2 (1:0)

Голҳо: Васкес, 37. Муриел, 50. – Суарес, 88. Месси, 89.