Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар зинаи 99-уми раддабандии ФИФА

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар зинаи 99-уми раддабандии ФИФА

ФИФА рейтинги нави мунтахабҳои занонаро интишор намуд, ки мутобиқи он  мунтахаби бонувони тоҷикистон  бо касби 1018 имтиёз дар зинаи 99-ум қарор гирифт. Ёдовар мешавем, ки ин бори аввал аст, ки тими миллии занонаи кишвари мо ба рейтинги ФИФА шомил мешавад. Ин ҳам бо шарофати иштироки фаъоли  футболбозбонувони мамлакат дар  мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2018 мебошад. Дар рейтинги ҷаҳонии ФИФА мийни дастаҳои занона ИМА ҷойи якум, Олмон зинаи дуюм ва мақоми сеюмро мунтахаби Англия касб намуданд.