Мусовии Ян Непомняший дар даври 12-уми Сабқати довталабон — 2024

Мусовии Ян Непомняший дар даври 12-уми Сабқати довталабон — 2024

Гроссмейстери россиягӣ Ян Непомняший бозии 12-умин даври Сабқати довталабон – 2024-ро ки дар шаҳри Торонтои Канада идома дорад, бо натиҷаи мусовӣ ҷамъбаст кард.

Шоҳмот. Сабқати довталабон 2024. Даври 12-ум, Торонто, Канада

18-уми апрели соли 2024, панҷшанбе. 23:30 ДШБ

Ян Непомняший 1/2:1/2 Рамешбабу Прагнанандха

Дар даври 12-ум иштирокчии порсолаи бозии финалӣ баҳри унвони қаҳрамонии ҷаҳон Непомняший дар бозӣ бо намояндаи Ҳиндустон Рамешбабу Прагнанандха ба натиҷаи мусовӣ расид. Ҳамин тариқ, Непомняший 7,5 хол ба даст оварда, то ҳол дар садри ҷадвал қарор дорад.

Ҳарифи Непомняший дар даври 13-ум намояндаи ИМА Хикару Накамура хоҳад буд, ки айни ҳол дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Сабқати довталабон — 2024 то рӯзи 22-юми апрел идома мекунад. Ғолиби он бо қаҳрамони феълии ҷаҳон Дин Лижэн баҳри ба даст овардани Тоҷи шоҳмот мубориза мебарад. Ҳамчунин нафари ғолиб ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 48 ҳазор евро ба даст меорад.