Нокомии "Лестер" дар "King Power Stadium"

Нокомии "Лестер" дар "King Power Stadium"

Дар даври 18-уми Премйер-лигаи Англия рақобат байни дастаҳои "Лестер" ва "Кристал Пэлас" баргузор шуд. Дар ин дидор дастаи "Кристал Пэлас" бо ҳисоби 3:0 дастболо шуд. Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 61 - уми бозӣ футболбози мизбон Ндиди барои рафтори дағалонааш бо баргаи сурх муҷозот шуда, бозибадар шуд.

Чемпионат Англия. Премйер-лига. Даври 18-ум

"Лестер" - "Кристал Пэлас" - 0:3 

Голҳо: Бентеке, 19 (0:1). Заха, 40 (0:2). Сако, 90+4 (0:3). 

Довар : Аткинсон.

Лестер. Варзишгоҳи "King Power Stadium".