Оё Арда Туран тарки “Барселона” мекунад ё на?

Оё Арда Туран тарки “Барселона” мекунад ё на?

Ниммуҳофизатгари турктабори бошгоҳи “Барселона” Арда Туран мехоҳад, ки дастаи каталониро тарк созад. Худи футболбоз гуфтааст: “Ман мехоҳам, ки тарки “Барселона” намоям. Албатта ин як бошгоҳи бузург аст, аммо ман ба хулосае омадам, ки дастаи мазкурро падруд гӯям”,- иқтибос меорад аз ҷумлаҳои Арда маҷаллаи “Fanatik”. Қаблан хабар паҳн гардида буд, ки роҳбарияти даста мехоҳад, ки бо Туран шартномаро қатъ намояд. Қарордоди кунунии Туран бо даста то соли 2020 тамдид карда шуда буд.