Пирӯзии Болтаев дар мусобиқаи “Шоми Бокс” дар Алмаато муқобили Сагиндик Тогамбай

Пирӯзии Болтаев дар мусобиқаи “Шоми Бокс” дар Алмаато муқобили Сагиндик Тогамбай

Муштзани сангинвазни тоҷик Давлат Болтаев дар мусобиқаи «Шоми Бокс» дар шаҳри Алмаато муқобили муштзани қазоқ Сагиндик Тогамбай пирӯз шуд.

Токамбай дар мусобиқаи мазкур дебют кард ва дар як рақобати сахту сангин аз муштзани мо Давлат Болтаев (4-0, 2 КО) дар раунди шашум бо қарори ҷудогонаи доварон мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, Давлат Болтаев пирӯзии панҷуми худро дар ринги ҳирфаӣ ба даст овард ва Сагиндик Тогамбай фаъолияти касбии худро бо шикаст оғоз кард.

Дар мавриди дастовардҳои варзишгарони ҳаваскор, Тогамбай барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё ва Бозиҳои Осиёӣ дар соли 2022 буда,   Болтаев дар Бозиҳои Осиё дар ҳамон сол соҳиби медали тилло гардида, роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро ба даст овардааст.