Пирӯзии “Реал” ё голи Роналду ба нақди хунрезӣ

Пирӯзии “Реал” ё голи Роналду ба нақди хунрезӣ

Бошгоҳи шоҳонаи “Реал”-и Мадрид дар даври 20-уми Ла Лигаи Испания тими “Депортиво”-ро пазируфт. Вохӯрӣ байни тимҳо дар варзишгоҳи муҳташами “Сантяго Бернабеу” сурат гирифта, бо ҳисоби бузурги 7:1 ба нафъи “гаразмониҳо” хотима ёфт. Бозӣ барои шогирдони Зидан бебарор оғоз шуд, чаро ки меҳмонон дар дақиқаи 24-уми дидор дарвозаи Кейлор Навасро рахна сохта, афзалиятро дар ихтиёр гирифтанд. Ин гол футболбозони бошгоҳи шоҳонаро барангехт то дар ҳузури издиҳоми мухлисон ба чӣ қодир будани худро ҳамин ҳоло нишон диҳанд. Бо кӯшишу тараддудҳои дастаҷамъӣ онҳо дарвозаи меҳмононро голборон намуда, пирӯзии бузурги худро бо ҳисоби 7:1 таъмин сохтанд. Ҳаққи муаллифии голҳоро Начо, Бэйл, Модрич ва Роналду ба номи худ муҳр заданд. Дар ин дидор Гарет Бэйл, Криштиану Роналду ва Хосе Игнасио Начо голҳои дуболоро анҷом доданд. Ин голҳо барои Роналду осон ба даст наомаданд, чаро ки ӯ ба нақди аз сараш захм хӯрдану хуни худро рехтан баъди фурсату фосилаи тӯлонии бесамараш дар мавсими ҷорӣ билохира якбора ду зарбаи ҳадафрас анҷом додан ёрист. 

Чемпионати Испания. Ла Лига. Даври 20-ум

«Реал» (Мадрид) – «Депортиво» (Ла Коруня) – 7:1 (2:1)

Голҳо: Начо, 32, 89. Бэйл, 42, 59. Модрич, 68. Роналду, 79, 84. – Лопес, 24.