Рӯзи бозии “Истиқлол” ва “Куктош” дар Лигаи олӣ тағйир ёфт

Рӯзи бозии “Истиқлол” ва  “Куктош” дар Лигаи олӣ тағйир ёфт

Вохӯрии даври 3-юми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Куктош» як рӯз пеш аз санаи пешбинишуда, 20-уми апрел баргузор мегардад. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи “Истиқлол” хабар додааст.

Бо сабаби баргузории чемпионати CAFA миёни бонувон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бозии даври сеюми чемпионати кишвар миёнии дастаҳои «Истиқлол» ва «Куктош», ки бояд 21-уми апрел баргузор мешуд, як рӯз пеш, рӯзи 20-уми апрел доир мегардад. Оғози бозӣ соати 20:00 аст.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло пас аз ду даври Лигаи олӣ “Истиқлол” пешгоми ҷадвали мусобиқот бо 6 имтиёз аст.