Ранери рафту “Лестер” баргашт

Ранери рафту “Лестер” баргашт

Бошгоҳи “Лестер” дар даври 26-уми чемпионати Англия бо дастаи “Ливерпул” дидор анҷом дод. Бозӣ байни дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта бо ҳисоби 3:1 ба нафъи қаҳрамони феълии Англия дастаи “Лестер” ба анҷом расид. Дар ин рақобати шадид Ҷейми Варди ба номи хеш дублро мӯҳр зад. Як голи дигар аз тарафи нимҳимоятгар Дринкуотер ба ҳадаф расонида шуд. Ягона голи меҳмононро дар ин бозӣ нимҳимоятгари бразилии “Ливерпул” Филиппе Коутинию ба самар расонид. Ин аввалин ғалабаи “Лестер” бе иштироки сармураббӣ Клаудио Ранери буд. Роҳбарии дастаро иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Кейг Шекспир ба ӯҳда дошт. Мухлисони “Лестер” дар дақиқаи 65-уми вохӯрӣ сурудеро барои коршиноси 65-солаи итолёвӣ Клаудио Ранери, ки рӯзи 23-юми феврали соли ҷори аз вазифаи сармураббии дастаи “Лестер” сабукдуш гардида буд, зам зама намуданд. Инчунин мухлисони даста дар як овезаи калон бо ҳарфҳои итилёвӣ “Раҳмат, Клаудио” дар маёдон ба намоиш гузоштанд. Ранери соли 2015 ба дастаи “Лестер” омада, аввалин маротиба дар таърихаш дастаро қаҳрамони Англия намуд. Тими “Лестер” бо 26 имтиёз ба зинаи 15-уми ҷадвали чемпионати Англия баргашт. Дастаи “Ливерпул” бошад, бо дарёфти 49 имтиёз дар зинаи 5-уми ҷадвали мазкур қарор дорад. Дар даври навбатӣ дар чемпионати Англия дастаи “Лестер” дар майдони хеш 4-уми март бо дастаи “Халл Сити” рақобат мекунад, дастаи “Ливерпул” низ дар майдонаш бо дастаи “Арсенал” андари майдони рақобат мешавад.

Чемпионати Англия. Даври 26-ум

“Лестер “- “Ливерпул” – 3:1 (2:0)

Голҳо: Варди, 28 (1:0). Дринкуотер, 39 (2:0). Варди, 60 (3:0). Филиппе Коутинию, 68 (3:1).

"Лестер": Шмейхел, Симпсон, Морган, Хут, Фукс, Дринкуотер, Ндиди, Окадзаки (Амарти, 69), Махрез (Грэй, 80), Олбрайтон (Чилвелл, 90+1), Варди.

"Ливерпул": Миноле, Клайн, Матип, Лукас (Вудберн, 84), Милнер, Эмре Ҷан, Вайналдум, Лаллана (Ориги, 66), Филиппе Коутинию, Роберту Фирмину, Мане (Алберто Морено, 66).