«Рома» ҳимоятгари “Манчестер Сити”-ро харидорӣ намуд

«Рома» ҳимоятгари “Манчестер Сити”-ро харидорӣ намуд

Бошгоҳи футболи “Рома”-и Италия расман гузариши ҳимоятгари “Манчестер Сити” Александар Коларовро ба даста эълон намуд. Тибқи маълумоти сомонаи расмии бошгоҳи римӣ нархи футболбоз 5 миллион евроро ташкил додааст. Ин ҳимоятгари 21 солаи сербиягӣ бо дастаи римиҳо то 30-юми июли соли 2020 қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар мавсими гузашта, Александар дар 29 бозии дастаи “Манчестер Сити” ба майдон баромада, ба задани 1 гол ва 1 партофти головар даст ёфтааст. Дар тамоми тақрибаи футболбозии хеш ӯ дар дастаҳои “Срвена Звезда”, “Латсио” ва “Манчестер Сити” бозӣ намудааст.