Россия баҳри қаҳрамонӣ қаҳрамонӣ кард

Россия баҳри қаҳрамонӣ қаҳрамонӣ кард

Мунтахаби Россия оид ба хоккей дар даври иловагӣ ё ба истилоҳи маъмулӣ овертайм ҳарифони худро аз Олмон бо ҳисоби 4:3 мағлуб карда, унвони қаҳрамонии Олимпиадаи зимистонаи 2018-ро ба даст овард. Мунтахаби Россия то ин дам боре ҳам дар Олимпиада мақоми аввалро нагирифта буд: соли 1992 мунтахаби Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ медали тиллоро дарёфта буд. Барои мунтахаби Олмон ҳам ҷойи дуюм дар Олимпиада бори аввал аст. Барои варзишкорони Россия ин медали дуюми тилло дар Олимпиадаи зимистонаи-2018 ба шумор меравад. Нахустин медали тиллоро ба хазинаи дастовардҳои мунтахаби Россия дар бозиҳои олимпӣ дар риштаи рақси рӯи ях Алина Загитова овард. Акнун мунтахаби Россия, ки дар Олимпиада таҳти парчами Олимпиада баромад мекунад, 2 медали тилло, 6 нишони нуқра ва 9 биринҷӣ ба хазинаи дастмузаҳояш афзуд.