Санчес ҷароҳат бардошт

Санчес ҷароҳат бардошт

Ҳамлагари бошгоҳи “Арсенал”-и Лондон Алексис Санчес дар дақиқаи 78-уми бозии даври 29-уми мусобиқоти Англия бо дастаи “Вест Бромвич” бо сабаби мушкилоти вазъи саломатӣ иваз карда шуд. Аммо ин бозингари чилитабор ба ҳайати мунтахаби Чили мепайвандад, то ки барои бозӣ муқобили ҳайати мунтахаби Аргентина омодагӣ гирад. Санчес дар нимаи аввали бозӣ ҷароҳат бардоштааст-иқтибос меорад хадамоти матбуоти бошгоҳи “Арсенал” аз суханони сармураббӣ Арсен Венгер. “Дар нимаи дуюми бозӣ ба майдон баровардани Санчес қарори нохуб буд. Буҷулаки пояш дар ҳолати бад қарор дорад. Ӯ бояд дар нимаи дуввуми сабқат бозӣ намекард, вале ӯ исрор карда буд. Дар нимаи аввали бозӣ дар ҳайати дастаамон ӯ ҳолатҳои бештари голзаниро ба миён меовард, вале дар нимаи дуввум ҳолати баръакс мушоҳида мешуд. Санчес умуман дар нимаи дуввум бояд боз намекард.” Ҳайати мунтахаби Чили барои гузаронидани сабқати ниҳоят муҳим ба Аргентина сафар мекунад, аммо ин бозӣ танҳо дар ҳафтаи оянда доир мегардад. Аз ин лиҳоз агар Санчес танҳо осеби кучак дошта бошад, ӯ бозӣ мекунад, вале дар сурати ҷароҳати вазнин ба дастааш кумак карда наметавонад.