Сармураббии мунтахаби Туркия ба истеъфо рафт

Сармураббии мунтахаби Туркия ба истеъфо рафт

Сармураббии тими миллии Туркия оид ба футбол Фатих Терим ба истеъфо рафт. Соли 2013 ӯ маротибаи сеюм сармурабби тими Туркия эълон гардид. Бо роҳбарии Терим мунтахаби Туркия ба Чемпионати Аврупо-2016 роҳхат гирифта буд, аммо аз даври гурӯҳи баромада натавонист. Беҳтарин нишондоди ин коршиноси 63 солаи турк дар тими мунтахаб ин ишғоли зинаи сеюми  Чемпионати Аврупо-2008 ба ҳисоб меравад.