Се мураббии беҳтарин аз нигоҳи Ҷон Терри

Се мураббии беҳтарин аз нигоҳи Ҷон Терри

Собиқ сарвони «Челси» Ҷон Терри беҳтарин мураббиёни маснади варзишии хешро гуфт.   

«Бояд, ки ба чанд нафар ташаккур бигӯям. Пеш аз ҳама барои Ҷанлука Виалли аз барои он, ки ӯ бароям имкон дод то дар синни хеле ҷавониям узви дастаи асосӣ шавам. Ӯ бароям имконияти баромад дар сафи бошгоҳро фароҳам овард. Ҳамчунин Клаудинйо Ранйериро қайд карданиям, ки маро сарвони даста намуд. Дар садри ин рӯйхат бошад Жозе Моуриню қарор мегирад. Фикр мекунам, ҳама медонанд, ки муносибатам бо ӯ чун бо мураббӣ чӣ гуна аст. Аз нигоҳи инсонӣ низ ӯ шахси фантастикӣ буд. Ӯ ба мисоли волидонам нисбатам бовар карда буд. Ин аз нигоҳи равонӣ хеле рӯҳбахш буд», — иқтибос меорад Терри хадамоти матбуотии Премер-лигаи Англия.

Терри дар сафи асосии «Челси» аз соли 1998 то 2017 баромад мекард. Дифоъгар панҷ маротиба ғолиби чемпионат ва Ҷоми Англия, се маротиба ғолиби Ҷоми лигаи Англия ва ҳамчунин як маротибагӣ дар Лигаи чемпионҳо ва Лигаи Аврупо зафар ёфтааст. Маснади варзишии хешро Ҷон дар «Астон Вилла» хотима дод, ки дар сафи ин тим ӯ мавсими-2017/2018 баромад мекард. Дар сафи мунтахаби Англия Терри аз соли 2003 то 2012 ба майдон омада буд.