"Вест Хэм" гуфтушунидҳоро бо Рубен Аморим оғоз кард

"Вест Хэм"  гуфтушунидҳоро бо Рубен Аморим  оғоз кард

Сармураббии бошгоҳи португалии "Спортинг" Рубен Аморим метавонад идомаи маснади варзишӣ дар Англия намояд. Чӣ тавре нашрияи The Athletic хабар медиҳад, нисбати муттахассиси 39-солаи португалӣ "Вест Хэм" иштиёқанд аст. Ба гуфти расонаи мазкур лондониҳо аллакай бо Аморим гуфтушунидҳоро оғоз кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки шартномаи феълии Рубен Аморим бо "Спортинг" то тобистони соли 2026 мӯҳлат дорад.

Рубен аз моҳи марти соли 2020 ба ҳайси сармураббии «Спортинг» кор карда, таҳти роҳбарии ӯ "Спортинг" ғолиби чемпионати Португалия (мавсими 2020/2021), ду маротиба дорандаи Ҷоми Португалия (мавсимҳои 2020/2021, 2021/2022) ва Суперҷоми Португалия (2021/2022) гардидааст.