Тарҳи бозиҳои Лигаи якумро Лигаи Футболи Тоҷикистон баррасӣ кард

Тарҳи бозиҳои Лигаи якумро Лигаи Футболи Тоҷикистон баррасӣ кард

Лигаи футболи Тоҷикистон бо баргузор кардани як ҷаласа бо намояндагони дастаҳои Лигаи якум дар қароргоҳи ФФТ тарҳи бозиҳои Лигаи якумро баррасӣ кард. Мусобиқа дар Лигаи якум миёнаҳои моҳи апрел оғоз меёбад. Қуракашии тақвими мусобиқот рӯзи 3 апрел баргузор гардида, аз рӯи усули «ҳаркӣ бо ҳар кӣ» сурат мегирад ва он дар ду марҳала гузаронида мешавад. Тартиби қуракашӣ аз рӯи низоми Бергер сурат мегирад. Аз рӯи низомнома ғолиби Лигаи якум ба Лигаи олии чемпионати мамлакат роҳхат мегирад. Соҳиби мақоми дуюм бошад, бо соҳиби ҷои ҳафтуми Лигаи олӣ дар бозии гузариш бо ҳам рақобат мекунанд. Дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд баъди ғалаба дар Лигаи дуввуми минтақаи Суғд ба Лигаи якум роҳхат гирифт. Ду дастаи нав – «Сомон»-и Данғара ва «ФК-83»-и Душанбе ҳам, дар Лигаи якум ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ба ғайр аз ин дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз литсензиякунонии Лигаи олӣ нагузаштанд, дар Лигаи якум ширкат меварзанд. Лигаи футболи Тоҷикистон аз 27-уми март то 1-уми апрел литсензиякунонии варзишгоҳҳои дастаҳои Лигаи якумро ба роҳ мемонад. Аз рӯи ҷадвал, 27-уми март ФФТ ва Лигаи футболи Тоҷикистон варзишгоҳҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Сомон»-и Данғара, 28-уми март «Зарафшон» (Панҷакент), «Эсхата» (Хуҷанд), «Исфара» (Исфара), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), 1-уми апрел «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва «ФК-83» (Душанбе)-ро аз назар мегузаронанд.