Тоҷикистон бори аввал мизбони мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад

Тоҷикистон бори аввал мизбони мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад

Тоҷикистон барои аввалин бор мизбони мусобиқаи ҷаҳонии Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад. Мусобиқаи мазкур аз 3-юм то 5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе миёни беҳтарин ҷудокорони сайёра доир мешавад. 

425 ҷудокор аз 71 кишвари 5 қитъаи олам баҳри иштирок дар мусобиқаи номбурда номнавис шудаанд. Аз ин шумора 225 мард ва 196 бону мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ рақобатҳоро доир мекунанд.

“Шоҳи ҷаҳонии ҷудо” Тедди Ринери афсонавӣ миёни сангинвазнҳо ба Душанбе меояд ва Фаронсаро муаррифӣ мекунад. Афсонаи ҷудои ҷопон ва ҷаҳон   Шоҳей Оно ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 иштирок менамояд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 37 ҷудокор муаррифӣ мекунанд.

Мардон: 

Вазни -60 кг: Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Муҳаммад Маҳмадизода, Ҳақдод Гулов.

Вазни -66 кг: Обид Ҷебов, Муллораҷаб Халифаев, Ёсин Бобокалонов, Муқтадири Бобоҷон.

Вазни -73 кг: Беҳрӯз Хоҷазода, Абубакр Шеров, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов.

Вазни -81 кг: Сунатулло Лоиқов, Сайфиддин Сайфиддинзода, Сунатулло Мусоев, Раҳматуллобек Фарҳодов.

Вазни -90 кг: Комроншоҳ Устопириён, Шодмон Ризоев, Акмал Муродов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода.

Вазни -100 кг: Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Эмомризо Анварзода, Кароматулло Ҳакимов.

Вазни +100 кг: Темур Раҳимов, Раҳмон Мансур, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Шарифҷон Назриев.

Бонувон: 

Вазни -48 кг: Райҳона Розиқзода.

Вазни -52 кг: Аҳлия Мӯъминова, Насиба Карликова, Мадина Қурбонзода.

Вазни -57 кг: Фазилат Гулбоева, Раҳмия Ханҷарбекова.

Вазни -63 кг: Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова.

Вазни -70 кг: Мавлуда Одинаева.

Ёдовар мешавем, ки ғолибони мусобиқаи мазкур ба ҷуз аз медал ва ҷоизапулӣ боз соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Ба ғолибон ҷоизапулиҳои арзишманд - ҷои аввал 5 000 евро, ҷои дуюм 3 000 евро ва ҷои сеюм 1 500 евро дода мешавад.