Ҷудокорони тоҷик рақибони хешро дар Dushanbe Grand Slam 2024 шинохтанд

Ҷудокорони тоҷик рақибони хешро дар Dushanbe Grand Slam 2024  шинохтанд

Имрӯз дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe маросими қуръакашии мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 доир шуд. 390 ҷудокор аз 65 кишвари 5 қитъаи олам баҳри иштирок дар мусобиқаи номбурда номнавис шудаанд. Аз ин шумора 204 мард ва 186 бону мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ рақобатҳоро доир мекунанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 37 ҷудокор муаррифӣ мекунанд. Пас аз қуръакашӣ ҷудокори мо ҳарифони хешро дар мусобиқаи мазкур пайдо карданд.

Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Анварҷон Иброҳимови ӯзбек ва Изнаур Сааев (AIN) гӯштин мегирад. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар ҳамин вазн бо Виҷай Кумар аз Ҳиндустон дар даври аввал нерӯсанҷӣ мекунад. Муҳаммад Маҳмадизода зери вазни то 60 кило бо Дук Тат Чу аз Ветнам дар даври аввал гӯштин мегирад. Дар ҳамин вазн Ҳақдод Гулов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Петрос Кристодоулидес аз Кипр гӯштин мегирад.

Зери вазни то 66 кило Обид Ҷебов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ҳаким Агаммамедов аз Туркманистон ва Сумия Лхагвасурен аз Муғулистон нерӯсанҷӣ мекунад. Муллораҷаб Халифаев дар ҳамин вазн бо Мартин Сетз аз Олмон гӯштин мегирад. Ёсин Бобокалонов дар даври аввали ҳамин вазн бо намояндаи бетараф Абрек Нагучев нерӯсанҷӣ мекунад. Муқтадири Бобоҷон аз ҳамин вазн бо намояндаи бетараф Иван Чернюх гӯштин мегирад.

Дар вазни то 73 кг Беҳрӯз Хоҷазода дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Биаслан Блимготови баҳрайнӣ гӯштин мегирад. Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило дар даври аввал бо Рамазон Коджакови баҳрайнӣ нерӯсанҷӣ мекунад. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар ҳамин вазн бо дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Як Йонезукаи амрикоӣ гӯштин мегирад. Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Адам Содолскии лаҳистонӣ нерӯсанҷӣ мекунад.

Дар вазни то 81 кило Сунатулло Мусоев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷудокори қазоқ Жубаназар Абулайхан гӯштин мегирад. Сунатулло Лоиқов дар ҳамин вазн бо Йошито Ҳоҷо аз Ҷопон дар даври дуюм қувваозмоӣ мекунад. Сайфиддин Сайфиддинзода дар ҳамин вазн бо Лачлан Мурҳеад аз Британияи Кабир дар даври дуюм гӯштин мегирад. Раҳматуллобек Фарҳодов зери вазни то 73 кило бо Адам Копески аз Чехия дар даври дуюм нерӯсанҷӣ мекунад. Зери вазни то 90 кило Комроншоҳ Устопириён бо Даниел Ниетои испанӣ, Шодмон Ризоев бо Эдуард Триппели олмонӣ, Акмал Муродов бо Мамедалӣ Ачюлдююеви туркман ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода бо Бакар Эрашвилии гурҷӣ дар даври аввал гӯштин мегиранд.

Дар вазни то 100 килограмм Ҷаҳонгир Маҷидов бо Авсин Чандрани ҳиндӣ, Парвиз Абдураҳмонов бо намояндаи бетараф Анджей Павлиуков, Эмомризо Анварзода бо Синг Автари ҳиндӣ ва Кароматулло Ҳакимов бо намояндаи бетараф Нииаз Билолов дар даври аввал нерӯсанҷӣ мекунанд.

Дар вазни ҷамъи 100 кило Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Давит Кевлишвилии испанӣ ва Анани Квадйои фаронсавӣ нерӯсанҷӣ мекунад. Раҳмон Мансур дар ҳамин вазн бо Шаотонг Юани чинӣ , Некрӯзшоҳ Некбахтзода бо Муҳаммал ал Маҳдии алҷазоирӣ ва Шарифҷон Назриев бо Мансур Муҳиддинови ӯзбек дар даври аввал гӯштин мегиранд.

Райҳона Розиқзода дар вазни то 48 кг бо Аманда Лимаи бразилӣ дар даври аввал қувваозмоӣ мекунад.

Дар вазни то 52 кило Аҳлия Мӯъминова бо Мариа Сидероти португалӣ, Насиба Карликова бо Софиа Асвестаи кипрӣ ва Мадина Қурбонзода бо Гулҳайё Ҷӯраеваи ӯзбек нерӯсанҷӣ мекунанд.

Зери вазни то 57 кило Фазилат Гулбоева бо Убасарт Маскарои испанӣ ва Раҳмия Ханҷарбекова бо Леле Наирнеи бритониёӣ дар даври аввал гӯштин мегиранд.

Дар вазни то 63 кило Шоҳида Қаландарова бо Кристина Кабана Переси испанӣ ва Ҷонона Назарова бо Агаза Счмидти олмонӣ дар даври аввал нерӯсанҷӣ мекунанд.

Зери вазни то 70 кило Мавлуда Одинаева дар даври аввал бо Габриелла Виллемс аз Фаронса гӯштин мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон барои аввалин бор мизбони мусобиқаи ҷаҳонии Dushanbe Grand Slam 2024 мебошад. Мусобиқаи мазкур аз 3-юм то 5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе миёни беҳтарин ҷудокорони сайёра доир мешавад. “Шоҳи ҷудои ҷаҳон” Тедди Ринери миёни сангинвазнҳо ва нобиғаи ҷудои ҷопон ва ҷаҳон   Шоҳей Оно ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 иштирок менамоянд. Ғолибони мусобиқаи мазкур ба ҷуз аз медал ва ҷоизапулӣ боз соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Ба ғолибон ҷоизапулиҳои арзишманд - ҷои аввал 5 000 евро, ҷои дуюм 3 000 евро ва ҷои сеюм 1 500 евро дода мешавад.