1-уми марти соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” ифтитоҳ гардид.

Таъсиси ин шабака қадами бузурге дар роҳи таъмини амнияти иттилоотӣ ва пур кардани фазои иттилоотии Тоҷикистон буд. Бо кушодашавии ин шабакаи соҳавӣ бинандаи тоҷик имконият пайдо кард, то бо руйдодҳои олами варзиши мамлакат ва ҷаҳон шинос шуда, рафти онҳоро мунтазам пайгирӣ намояд.

Ҳадафи дигар аз таъсиси шабакаи давлатии телевизионии “Варзиш” муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати варзишгар, оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар буд.

Муассисаи давлатии ТВ “Варзиш” ҳуқуқи пахши мустақими чорбиниҳои бузургтарини варзишӣ аз қабили Олимпиада, Чемпионатҳои ҷаҳону қоравӣ ва дигар мусобиқаҳои муҳташами сатҳи минтақа ва ҷаҳонро харидорӣ намуда онҳоро бо забони ноби тоҷикӣ манзури алоқамандони худ мегардонад.


ТВ ВАРЗИШ ДАР МОҲВОРА

МУШАХАССОТИ ТЕХНИКӢ:

Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS


Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS