“Индиана Пэйсерс” рақибашро мағлуб кард

 “Индиана Пэйсерс” рақибашро мағлуб кард

Дар майдони “Вивинт Смарт Ҳоум Арена” дастаи “Юта Ҷаз” тими “Индиана Пэйсерс”-ро меҳмони худ кард. Дар ин бозӣ меҳмонон аз оғози ин рақобат ибтикорро ба даст гирифта, пас аз ду чоряк “Индиана Пэйсерс” бо бартарияти 9 имтиёз аз паркет берун баромад. Танҳо чоряке, ки “Юта Ҷаз” беҳтар амал кард ин чоряки сеюм буд, ки ҳамагӣ ба афзалияти як имтиёз даст ёфт. Дар чоряки чорум ҳам “Индиана Пэйсерс” беҳтар амал карда, бархурди ду бозигари маркази боиси он гашт, ки теъдоди зиёди варзишгарон даст ба гиребон шаванд ва ниҳоятан боиси аз бозӣ берун шудани чор бозигар Гобер, Инглс, Митчелл ва Тёрнер гардид. Дар ниҳоят бошад “Индиана Пэйсерс” бо ҳисоби 111:100 “Юта Ҷаз”-ро шикаст дод.

Дар ду бозии дигар “Клипперс” ва “Репторс” ҳам ҳарифонашонро шикаст доданд. “Юта Ҷаз” бошад пас аз ин шикасташ ҳам дар зинаи сеюми Бахши Ғарбӣ пас аз “Голден Стейт” ва “Финикс Санз” қарор дорад.