Ғолибону ҷоизадорони 14-умин Ниммарафони байналмилалии Душанбе муайян шуданд

 Ғолибону ҷоизадорони 14-умин Ниммарафони байналмилалии Душанбе муайян шуданд

Имрӯз, 20-уми апрел бахшида ба 100 солагии Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-умин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе доир шуд.

Ниммарафони байналмилалии Душанбе рӯзи 20-уми апрел соати 09:00 шурӯъ шуда, дар он варзишгарон аз 22 шаҳри бо Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои паймони ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоидошта ҳунару малакаи хешро нишон доданд.

Ниммарафони байналмилалӣ , ки 21 километру 97, 5 метрро ташкил медод, аз майдони назди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз шуда, нуқтаи ниҳоии он майдони “Дӯстӣ”-и назди муҷассамаи шоҳ Исмоли Сомонӣ гардид.

Ба ҳамин минвол пас аз тай кардани масофаи муайяншуда, ғолибони 14-умин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе муайян шуданд:

Миёни мардон:

1.Виталий Шафа (Украина) 1:04,37 (38 500 сомонӣ)

2. Отабек Тошқуватов (Ӯзбекистон) 1:06, 18 (33 500 сомонӣ)

3. Нодирбек Матолибов (Ӯзбекистон) 1:06,24 (27 500 сомонӣ)

4. Рахимжан Калманов (Қазоқистон) 1:06,31 (22 000 сомонӣ)

5. Ойбек Маҳмадаминов (Ӯзбекистон) 1:06, 59 (19 800 сомонӣ)

6. Юрий Чечун   (Русия) 1:07,46 (16 500 сомонӣ)

Миёни занон:

1. Азизахон Мирзоакбарова (Ӯзбекистон) 1:18,44 (38 500 сомонӣ)

2. Сергеева Виктория (Қазоқистон) 1:19, 25 (33 500 сомонӣ)

3.Маҳинабону Комилова (Ӯзбекистон) 1:20,15 (27 500 сомонӣ)

4.Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон) 1:25,03 (22 000 сомонӣ)

5.Уляна Кузминова (Тоҷикистон) 1:25, 49 (19 800 сомонӣ)

6. Маҳина Боронова (Тоҷикистон) 1:30, 12 (16 500 сомонӣ)

Ёдовар мешавем, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардидааст.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардида буд .

Ғолибони Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе (солҳои 2010-2023)

Мардон:

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Россия)

2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Россия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

2022- Ту Лезарус (Кения)

2023 - Шоҳрух Давлатов   (Ӯзбекистон)

 Занон:

2010 – Надежда Поволяева (Россия)

2011 – Алёна Самохвалова (Россия)

2012 – Камила Ханипова (Россия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Россия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

2022- Теку Бкелу Абеб (Ҳабашистон)

2023 - Тунгускова Екатерина (Ӯзбекистон)

Муаллиф: Фаридун Сафарзода