3 шоҳмотбози тоҷик унвони Устоди дараҷаи байналмилалиро дар Ҳиндустон гирифтанд

3 шоҳмотбози тоҷик унвони Устоди дараҷаи байналмилалиро дар Ҳиндустон гирифтанд

44-умин  Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 28-уми июл дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон оғоз гардида буд, 9-уми август ба анҷом расид.

Дар олимпиада 800 варзишгар дар ҳайати 188 тими мардон ва 162 тими бонувон ширкат карданд. Ҷумҳурии моро тими мардон дар ҳайати Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Ҷалолиддини Илҳом ва тими бонувон дар ҳайати Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Мутриба Ҳотамӣ, Лидия Антонова намояндагӣ карданд.

Олимпиада дар 11 давр баргузор шуда, миёни дастаҳои мардона тими Ӯзбекистон ҷои аввал, Араманистон ҷои дуюм ва Ҳиндустон ҷои сеюмро гирифтанд.

Мунтахаби мардонаи кишвар дар 11 бозӣ бар тимҳои Ҷазираҳои Вирҷинияи Британия (4:0), Қазоқистон (2,5:1,5), Суринам (4:0), Ҳаитӣ (4:0), Эстония (2,5:1,5) ғалаба, бо дастаҳои Сингапур (2:2), Ирланд (2:2), мусовӣ бозӣ карда, аз тимҳои Словакия (1,5:3,5), Белгия (1,5:2,5), Андора (1,5:3,5) ва Чилӣ (1,5:2,5) мағлуб гардид. Дар натиҷа бо 12 хол ҷои 67-умро ишғол намуд.

Надежда Антонова аз 10 вохӯрӣ 8 хол ба даст оварда, меъёри “Устоди дараҷаи байналмилалии занона” (WIM)-ро соҳиб гардид. Ҷалолиддин Илҳоми 14-сола ва Меҳриддин Шарифови 17-сола аз 9 бозӣ 6 имтиёз ба даст оварда, соҳиби унвони “Устоди FIDE” гардиданд, ки ин нишондод дар таърихи шоҳмоти кишвар беназир аст.