5 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024 иштирок мекунанд

5 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024 иштирок мекунанд

Пас аз мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 истгоҳи навбатии мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо ин Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024 мебошад. Мусобиқаи мазкур аз 10-ум то 12-уми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир мегардад. Дар ин бора Федератсияи ҷаҳонии ҷудо хабар додааст.

478 ҷудокор аз 88 кишвари 5 қитъаи олам баҳри иштирок дар мусобиқаи номбурда номнавис шудаанд. Аз ин шумора 260 мард ва 217 бону мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ рақобатҳоро доир мекунанд.

Тоҷикистонро тибқи итттилои сомонаи IJF панҷ ҷудокор – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) муаррифӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар раддабандии нави олимпӣ агар Ҷаҳонгир Маҷидов дар ду мусобиқаи боқимонда кӯшиш кунад, дар ҳамаи 7 вазн миёни мардҳо роҳхати олимпӣ хоҳем дошт. Аллакай аз миёни ҷудокорони мо Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Эмомалии Нуралӣ, Сомон Маҳмадбеков, Обид Ҷебов ва Комроншоҳ Устопириён имкони ширкат дар Олимпиадаи Парижро соҳиб шудаанд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Абубакр Шеров ҳам агар дар ду мусобиқаи пеш аз Олимпиада аз худ дарак диҳанд, пас аз соҳиби роҳхат хоҳанд шуд.