7 медали муштзанонони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар Остона

7 медали муштзанонони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар Остона

Муштзанони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба гирифтани 7 медал ноил гардиданд. Мусобиқаи мазкур аз 25-уми апрел то 8-уми май миёни муштзанони то 18 ва 22 сола байни писарону духтарон баргузор гардид.

Миёни муштазанони то 18 сола Муинхоҷа Муминов (-48кг) нишони нуқра, Руслан Ғафуров (63,5кг) нишони нуқра ва Дамир Муйбалихонов (57кг) нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Миёни муштзанони то 22 сола Довуд Маҳкамов (-71кг) нишони нуқра, Фотима Бегмуродова (-54кг) нишони биринҷӣ, Хусравхон Раҳимов (-57кг) нишони биринҷӣ ва Абубакр Муродзода (-60кг) нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар маҷмӯъ Федератсияи бокси Тоҷикистон як дастаи иборат аз 22 муштзанро ба Остона фиристода буд. Мусобиқаи мазкур, ҳамчун марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳонии бокс маҳсуб мешавад, ки моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 дар Хорватия баргузор мешавад.