Ҳабиб, Салоҳ, Погба дар рӯйхати «ТОП-500 мусалмони таъсиргузори ҷаҳон»

Ҳабиб, Салоҳ, Погба дар рӯйхати «ТОП-500 мусалмони таъсиргузори ҷаҳон»

Қаҳрамони риштаи UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар рӯйхати «ТОП-500 мусалмони таъсиргузори ҷаҳон» ворид гардид. Ин рӯйхат ҳамасола аз ҷониби сомонаи Themuslim500.com нав карда мешавад. Ба ҷуз Ҳабиб дар ин рӯйхат ҳафт нафар варзишгари дигар низ шомиланд: Муҳаммад Салоҳ, Пол Погба, Месут Озил, мураббӣ Зайниддин Зидан, собиқ номзад ба мақоми Президенти ФИФА Алӣ ибн Ал-Ҳусайн, крикетбоз Ҳошим Амла ва бозингари варзиши регби Сонни Уилямс мебошанд. Ҳамлавари дастаи «Ливерпул» Муҳаммад Салоҳ ягона варзишгарест, ки дар раддаи то 50 нафари аввал қарор дорад. Ӯ дар ин рӯйхати 500-нафара дар ҷойи 46-ум ҷойгир аст. Дар сархати ин рӯйхат, Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон қарор гирифтааст. Ҳабиб Нурмуҳаммадов моҳи апрели соли равон, баъди шикасти Эла Яквинту бо ҳисоби холҳо қаҳрамони варзиши UFC гардид. Дар аввали октябр бошад, варзишгари рус, баъди ғалабаи пеш аз муҳлат бар Конор Макгрегор унвони худро ҳифз намуд.

Таҳияи Раҳимов Орзу