Агар Фрейша президент шавад, "Барса"-ро ба ҳадаф мерасонад

Агар Фрейша президент шавад, "Барса"-ро ба ҳадаф мерасонад

Номзад ба президентии "Барселона" – Антони Фрейша эълом дошт, ки барои даста сармоягузори нав пайдо кардааст ва дар бораи баланд бардоштани сифати даста изҳорот баён намуд.

- Мо муддати тӯлонӣ кор мекардем ва бо як сармоягузоре, ки ба бошгоҳ 250 миллион евро мусоидат хоҳад кард, қарордод бастем - дар чорчӯби тиҷорат дар ивази 49 фоиз. Ва дар мавсими 2021/22, мо се бозигари ситораро имзо хоҳем кард - ду нафар барои ҳамла ва яке барои дифоъ, - гуфт Фрейша.

Инчунин, ӯ харидҳои эҳтимолии ҳамлагари ПСЖ – Килиан Мбаппе ва ҳамлагари "Боруссия" – Эрлинг Ҳоландро баён намуд.

- Мо як қоида дорем: мо ҳеҷ гоҳ дар бораи бозингароне, ки расман шартнома ба имзо нарасонидаанд, ҳарф нахоҳем зад. Аммо ин интиқолҳо комилан имконпазиранд. Ин корро "Барса" бояд анҷом диҳад, - таъкид кард Фрейша. Ёдовар мешавем, ки Жоан Лапорта, Антони Фрейша ва Виктор Фонт барои курсии президенти "Барселона" мубориза мебаранд. Ғолиб аз рӯи натиҷаҳои интихоботи 7 март муайян карда мешавад.