«Ал-Ҳилол» аз идомаи рақобатҳо дар Лигаи чемпионҳои Осиё маҳрум шуд
23-юми апрели соли 2024 бозии ҷавобии марҳилаи ниманиҳоии Лигаи чемпионҳои АФК миёни тими саудии «Ал-Ҳилол» ва «Ал-Айн»-и Аморот доир шуд, ки бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.
Лигаи чемпионҳои АФК - 2024 . 1/2 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
23-юми апрели соли 2024, сешанбе. 23:00 ДШБ
Ал-Ҳилол (Арабистони Саудӣ) 2 : 1 Ал-Айн (Аморати Муттаҳидаи Араб)
1:0 Невеш – 4' 1:1 Эрик – 12' 2:1 Ал-Давсарӣ – 51'
Дар дақиқаи чоруми рақобат Рубен Невеш аз пеналти гол зад ва мизбононро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 12-ум бошад «Ал-Айн» бо талошҳои Эрик ҳисобро баробар кард. Голи пирӯзиовари мизбонон бошад дар дақиқаи 51-уми аз ҷониби бозигари «Ал-Ҳилол» Салим Ал-Давсарӣ зада шуд.
Бозии нахусти марҳилаи ниманиҳоӣ миёни дастаҳо рӯзи 17-уми апрел доир шуда буд, ки тими «Ал-Айн» дар майдони хеш бо ҳисоби 4:2 пирӯзӣ ба даст овард. Ҳамин тариқ, аз рӯи ҳисоби ду бозӣ «Ал-Ҳилол» аз идомаи рақобатҳо дар Лигаи чемпионҳои АФК бенасиб шуд.
«Ал-Айн» дар финали мусобиқа бо ғолиби ҷуфти «Улсан Хёндэ» – «Иокогама Ф. Маринос» бозӣ мекунад.