Ҳамаи иштирокчиёни даври плей-оффи ЛЧ маълум шуданд

Ҳамаи иштирокчиёни даври плей-оффи ЛЧ маълум шуданд

8-уми декабр рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо ба анҷом расиданд. Баъди анҷоми бозиҳо аз 16 дастаҳои зерини иштирокчии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои УЕФА дар мавсими-2021/2022 аллакай 15 иштирокчӣ маълум шуданд: «Манчестер Сити», «Пари Сен-Жермен», «Ливерпул», «Атлетико», «Аякс», «Спортинг», «Реал», «Интер», «Бавария», «Бенфика», «Манчестер Юнайтед», «Лилл», «Залтсбург», «Ювентус» ва «Челси».

Бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои УЕФА байни «Аталанта» — «Вилярреал», ки мебоист 8-уми декабр дар Бергамои Италия баргузор мешуд, аз барои барфбоди шадид ба санаи 9 декабр мавқуф гузошта шуд. Аз рӯи натиҷаи ин дидор охирин иштирокчии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои УЕФА дар мавсими-2021/2022 муайян мегардад. Ёдовар мешавем,ки қаҳрамони феълии чемпионҳои УЕФА «Челси»-и Лондон ба ҳисоб меравад.