Ҳамлавари "Барселона"-ро дар Россия интизоранд

Ҳамлавари "Барселона"-ро дар  Россия интизоранд

Бошгоҳи “Зенит” дар ҳамин равзанаи гузариши футболбозон нияти харидорӣ кардани ниммуҳофизатгари “Барселона” Малкомро дорад. Тибқи хабаргузории Sport.es бошгоҳи русӣ барои харидории футболбози мунтахаби Бразилия 40 млн евро пешниҳод намудааст. Малком дастпарвари дастаи “Коринтианс” буда, тобистони соли 2018 аз “Бордо” ба “Барселона” гузашта буд. Дар 15 сабқати Ла Лига Малком 1 гол зада, 2 партофти головар ба номаш сабт намуд.