Амри Президенти ҶТ дар бораи мукофотонидани 46 ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо

Амри Президенти ҶТ  дар бораи мукофотонидани 46 ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо
Бо мақсади ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он барои қадршиносии 46 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо 1 787 500 (як миллиону ҳафтсаду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Ин иқдом идомаи қадршиносиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарони баору номуси Тоҷикистон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлати Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Амри 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 46 ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо тибқи рӯйхати замимагардида 1787 500 (як миллиону ҳафтсаду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷудо намояд.


2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
10 феврали соли 2025
№АП-743