Анҷоми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод
Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи таҷлили рӯзи Конститутсияи мамлакат дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини тарзи озод байни наврасони солҳои тавваллуди 2004-2006 баргузор шуд. Ҳамоиши мазкур дар доираи нақшаи тақвимии чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат роҳандозӣ гардида, баргузории чунин мусобиқаҳоро баҳри дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва сайқал додани маҳорати варзишгарони наврас муҳиму саривақти арзёбӣ карданд.
Мураббиёну собиқадорони ин риштаи гӯштин таъкид менамоянд, ки сол аз сол шумораи чунин мусобиқаҳо бо иштироки варзишгарони сину соли гуногун зиёд шуда, дар оянда имкон пайдо мешавад, ки варзишгарони мо дар майдонҳои бузурги ҷаҳонӣ талош варзанд. Иштироки васеъи варзишгарон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон гувоҳ аз он аст, ки наврасону ҷавонон ба ин риштаи варзиш майлу рағбати зиёд дошта, ҳар кадоме аз варзишгарон барои ноил шудан ба муваффақиятҳо талош варзиданд.
Бинобар иттилоъи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Хоҷазода Маҳмуд ба рушду равнақи гуштини тарзи озод дар шаҳри Кӯлоб аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар ин риштаи варзиш беш аз 15 мураббӣ дар 5 мактаби варзишии шаҳр ва минтақа ба наварасону ҷавонон тамрин медиҳанд. Ҷиҳати рушди ин риштаи варзиши олимпӣ дар оянда мавсуф чунин ибрози назар намуд.
Мусобиқаи мазкур бо баргузории майдондориҳои ниҳоӣ ба анҷом расида, дар ҷамбаст варзишгарон дар вазнҳои гуногун ба таври инфиродӣ ва аз руи натиҷаи даставӣ муайян ва аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат бо нишону диплом қадршиносӣ карда шуд. Ҳамин тариқ дар ҷамбасти мусобиқа аз руи маҷмуи медалҳои бадастоварда Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Исфара бо чор медали тилло ду нуқра ва се биринҷӣ мақоми аввалро ишғол намуд. Варзишгарони мактаби махсуси намудҳои гуштини шаҳри кӯлоб ба номи ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимов бо 3 медали тилло 4 медали нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми дуюм ва дастаи шаҳри Душанбе бо ду нишони тилло ду нуқра ва як биринҷӣ 5 медали биринҷӣ мақоми сеюмро ба даст оварда, аз ҷониби масъулон бо Ҷоми мусобиқа қадршиносӣ карда шуданд.