Анчелотти гуфт, ки дар бозӣ бо “Бавария” кадом дарвозабон ба майдон мебарояд

Анчелотти гуфт, ки дар бозӣ бо “Бавария” кадом дарвозабон  ба майдон мебарояд

Дарвозабони асосии бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” Тибо Куртуа шифо ёфт ва ба тамринҳои даста баргашт. Сармураббии даста Карло Анчелотти дар мавриди дарвозабони асосии бошгоҳи шоҳона дар бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо ибрози назар кард.

“Оё Куртуа метавонад дар финали Лигаи Чемпионҳо бозӣ кунад? Хуб, ҳоло мо диққати худро ба бозии рӯзи чоршанбе равона кардаем. Ин барои мо финал аст. Лунин бошад, рӯзи чоршанбе бозӣ мекунад. Мо бубинем, ки баъд чӣ мешавад, ”гуфтааст, Анчелотти дар мусоҳиба бо Madrid Xtra.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Бавария” рӯзи чаҳоршанбеи 8 –уми май дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и Мадрид баргузор мешавад. Қарор аст, бозӣ соати 23:50 ба вақти Душанбе оғоз шавад. Бозии аввал миёни дастаҳо бо ҳисоби 2:2 мусовӣ анҷом ёфт. Дар он вохӯрӣ дарвозаи тими Мадридро Андрей Лунини украинӣ ҳимоят карда буд.