“Арсенал” бо “Мессии хурдакак” шартнома баст

“Арсенал” бо “Мессии хурдакак” шартнома баст

Дастаи “Арсенал”-и Лондон Зайн Алӣ Салмони чорсоларо ба Академияи худ даъват кард. Зайн хурдсолтарин футболбоз дар мактаби омодагии бошгоҳои англисӣ маҳсуб мешавад ва бо тахаллуси “Мессии хурдакак” маъруф шудааст. Ин кӯдак ҳоло ба боғча меравад, аммо дар футбол бо наврасони аз худ ду баробар калон бозӣ мекунад. Пештар, ин навраси соҳибистеъдод дар Академияи футболи First Touch таҳсил мекард. Мураббии Академияи “Остин Шофилд” гуфтааст, ки Алӣ Салмон бо кӯдакони калонсол бозӣ карда дар ҳама таркибороиҳо аз дигарон беҳтар буд. "Дар тӯбдорӣ, идораи тӯб ва пасҳо нисбат ба ҳамсолони худ хеле беҳтар буд” – мегӯяд, мураббӣ. Скаутҳои “Арсенал” ба ӯ чашм ало кардаанд.