Асрор Воҳидов роҳхати Бозиҳои Олимпиро ба даст оварда натавонист

Мутаассифона, ин лаҳзаҳо муштзани мо Асрор Воҳидов (57 кг) дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Тайланд аз Айдер Абдураимови украинӣ бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Воҳидов дар ду мусобиқаи интихобӣ наздик буд то роҳхатро ба даст орад, аммо дар лаҳзаҳои охир бохтҳо садди роҳаш гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Асрор Воҳидов дар даври аввал бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 муқобили намояндаи Мали - Абдул Карим ва дар даври дуюм бар намояндаи Косово - Башким Боҷоку бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 пирӯзӣ ба даст оварда буд.